ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН БА РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МЕАФЗОЯД

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари кишвар маҳсуб меёбанд. Онҳо беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданду диди эстетикии халқро таҷассум мекунанд. Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонанд. Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо ҷавонон низ ба ҳунарҳои дастӣ рӯ оварда, баҳри рушди ин ҳунар саҳми хешро гузошта истодаанд

Дар идомаи нақша-чорабиниҳои ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон меҳмонон ва иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои наврасону ҷавонони аз муассисаҳои таълимии ноҳия дидан намуданд.

Зимни боздид қайд карда шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ чун неъмати бебаҳост, ки тӯли қарнҳо бо талошу заҳмат ва муҳаббати самимӣ ниёгони мо онро зинда нигоҳ дошта, имрӯз ба мо расидаанд. Пас вазифаи якояки мо шаҳрвандон аз он иборат аст, ки ин ҳама мероси фарҳангиро хуб нигоҳ дорем ва бо таҳкиму рушд бахшидан, онро ба наслҳои минбаъда мерос гузорем.