ИНТИХОБИ МАН ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалингро тарғибу ташвиқ ва боз ҳам мустаҳкаму зиёд намудани сафҳои ҳизб аз ҳисоби занону бонувони фаъолу донишманд, ҷавонои хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар ва ташаббускору бунёдкор ташкил медиҳад. Хушбахтона, сол то сол шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия аз ин ҳисоб зиёд мегардад.

Чанде пеш яке аз занони фаъоли ноҳия, соҳибкори муваффақи деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ Раҳимова Фотима Ҳамроевна барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ муроҷиат намуда, иброз дошт, ки интихоби ман Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.

 Раҳимова Фотима аз зумраи фаъолзанони ноҳия буда, пайваста дар рушду нумуи маҳалла ва ноҳия саҳми худро мегузорад.

Дар вақти супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ аз ӯ мақсади ба ҲХДТ дохил шуданашро пурсон шудем.

Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки аъзои ҲХДТ будан мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян мекунад. Нишон медиҳад, ки он касе аъзои ҲХДТ аст, ҷонибдори Оиннома, Барномаи ҲХДТ, сиёсати созандаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вақте кас ба сафи ҲХДТ дохил мегардад, масъулияти бузургеро ба душ мегирад. Аъзои ҳизб вазфадор аст, ки сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ, Раиси муаззами он, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намояд. Ман ба сафи ҳизб ба он мақсад дохил шудам, ки дар амалҳои хайру савоб, корҳои созандагию бунёдкорӣ аз худ ҳиссае гузошта бошам