БАРГУЗОРИИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ФАРХОР

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати дар амаи татбиқ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Фархор” Раҳимзода Валихон дар шаҳрак бо ҷалби аҳолӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои ободонию хуррамгардонӣ доир шуда истодаанд. Дар ин самт бори чандум мешавад, ки новаҳои бетонии ҳудуди шаҳраки Фархор аз тагшинҳо тоза карда шуда, тавассути техникаҳои зарурӣ партовҳо бардошта мешаванд. Ҳамзамон, дар назди ташкилоту муассиса масъулин ба шинонидани гулҳои мавсимӣ ва нарм намудани бехи дарахтон саргарми коранд, ки боз ҳам ҳусни шаҳракро ранги дигар мебахшанд. Чунин корҳои ободонӣ мунтазам дар ҳудуди ноҳия идома меёбанд.