СОХТМОНИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қобил ба тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва ва деҳоти ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода шуда истодаанд. Бо дастгирии аъзои Кмитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф Вализода дар деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулшан аз тарафи соҳибкор Одинаев Муҳаммад сокини деҳаи мазкур як майдончаи варзишии замонавӣ сохта шуда истодааст, ки масъулин ният доранд, дар арафаи ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими кушодашавии онро дар вазъияти тантанавӣ роҳандозӣ намоянд. Иқдоми мазкур дар заминаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, дар солимгардонии насли наврас ва дигар сокинон нақши арзанда хоҳад дошт.