МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мусобиқаи волейбол миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.

         Санаи 16 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ даври дуюми мусобиқа миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Дарқад баргузор гардид. Ғолибони даври мазкур муайян гардида, ба даврҳои ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.