БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ЗАН ВА ОИЛА"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён санаи 12 майи соли 2023 дар маркази ноҳия ва ҷойҳои сераҳолӣ бо иштироки мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроия ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумита, аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Зан ва оила” баргузор гардид. Зимни баргузории аксияи мазкур ба ҷавонони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳр зиёда аз 100 адад варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии оила соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардида, ҳамасола дар саросари ҷаҳон рӯзи 15 май ҳамчун рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Нақши оила дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад.

Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кӯмак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад.