БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИҲО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 13 майи соли ҷорӣ масъулини ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказии” дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ оид ба баргузории корҳои ободони дар назди биноҳои корӣ ва маҳаллаҳои вобастшуда бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шанбегиҳо доир карда шуданд.

Дар ин росто масъулин корҳои ободониро ба роҳ монда як қатор корҳоро аз қабили нарм намудани замин ва тоза кардани алафҳои бегона, шинонидаги гулҳои ороиши ба иҷро расониданд.