Шаҳодатномаи ҳизбӣ ифтихори ман.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" суҳбату вохурӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб гузаронида шуд. Зимни вохурӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  Зоҳирзода Саймухтор суханронӣ намуда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҷалби омӯзгорони ҷавон ба сафи ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, назорати пурраи ҳаракати аъзои ҳизбӣ ибрози андеша намуд. Инчунин масъулин оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.

Дар идомаи маҷлис аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Дӯстӣ ба омӯзгорони ҷавон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ, ки нав аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиашон тақдим карда шуд.
Қайд гардид, ки  аъзои ҲХДТ будан масъулияти баландро талаб карда, боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.  Аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар як аъзои ҳизб барои дигарон намунаи ибрат шуда, барои пешрафт, ободонӣ ва корҳои созандагӣ дигаронро низ ташвиқ намояд.