МУСОБИҚАҲО ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо корбарии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор миёни хонандагон мусобиқаҳои варзиши бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни Рӯзи Ғалаба роҳандозӣ карда шуда аст.Санаи 3 майи соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мусобиқа аз руи намуди футбол миёни хонандагони синфҳои 8 – 9-и муассисаи мазкур шурӯъ гардид. Дар мусобиқа 6 даста иштирок карда миёни ҳам қувваозмои намуданд.Мусобиқа то санаи 9 май идома ёфта ғолибон дар рӯзи ҷашн бо туҳфаҳои хотирмон ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор сарфароз гардонида мешаванд.