Нафақаи ҳизбӣ сари вақт таъмин мегардад.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёда аз ду сол мешавад, ки баҳри дастгирии маъюбон ки ба кӯмаки моддию иҷтимоӣ ниёз доранд нафақаи ҳизбӣ таъин гардидааст.

Ин иқдом дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда ҳар як Кумита ба ду се ё чор нафар маъюбоне, ки ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд, нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо пардохт менамоянд.
Ин ташаббус дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ ба роҳ монда шуда, муддати ду сол аст, ки ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ пардохт карда мешавад.
Аз моҳи январи соли ҷорӣ алакай ба се нафар маъюби гурӯҳи якум нафақаи ҳизбӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва ба як нафар маъюби гурӯҳи якум аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон нафақаи ҳизбӣ пардохт карда мешавад.
Ин иқдом аз як ҷиҳат барои беҳтар гардонидани шароити молиявии ин қишри ҷомеа нигаронида шуда бошад, аз ҷониби дигар шахсони саховатпеша ва дорои имконияти хуби молиявиро водор месозад, ки дигар маъюбон ва ятимонро парасторӣ намуда ба онҳо ёрии амалии худро расонанд. Чунки мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем ҳамдигарро дастгирӣ намуда ба нафароне, ки маъюбу бемор ва ятиму ниёзманд мебошанд дасти ёрӣ дароз кунем.
Бо ҳамин мақсад имрӯз аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз  ба се нафар маъюбони гурӯҳи якум нафақаи ҳизбиашон расонида шуд.
Зимни суҳбат Шафиева Резагул бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Олии мамлакат нисбати маъюбону оилаҳои камбизоат изҳори миннатдорӣ намуда, барои амалӣ намудани ташаббуси нафақаи ҳизбӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузории бепоёни худро баён карданд.