Идомаи баргузории "Мактаби ман" дар ноҳияи Дӯстӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон,  Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус ба хотири дастгирии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.
Тибқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти "Нури–Вахш" имрӯз бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  деҳоти "Нури–Вахш"  Турдиев Амондавлат, Директори  МТМУ 44 Юлдошев Маҳмадалӣ,  Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинии ҳизбӣ сокинони ҷамоати деҳоти Нури –Вахш ва хатмкардагони собиқи муассисаи таълимии мазкур, иштирок  доштанд.
Зимни баромади худ, Турдиев Амондавлат вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму дониши хонандагон,  тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамзамон директори МТМУ 44 Юлдошев Маҳмадали  вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" роҳ надодан ба сарфакорӣ ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳалли зисти худ ибрози андеша намуд.     
Ин ташаббус аз тарафи сокинон ҷонибдорӣ гардида, онҳо азм намуданд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи падару модарон дар таъмири ҷории мактаб ва таъмини синфхонаҳо бо мизу курсӣ ёрии амалии худро мерасонанд.