Корҳои ободонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “НАВОБОД-3”-и ҷамоати шаҳраки Киров

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навобод-3”-и ҷ/ш Кирови ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ саҳмгузор бошанд, аз ҷумла ба сангфаршкунии гирду атрофи  маҳалли зист ва роҳҳои мошингарду пиёдагард камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, 3 км роҳи деҳаи мазкурро сангфарш карда истодаанд.  Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо ҳармоҳа, аз тарафи аъзоёни фаъоли  ҳизб гузаронида мешавад.

Воқеан дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки масъулини Кумита  бо маром доир гардида истодааст.