“СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №5

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ бо мақсади баргузор намудани Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и Ҷамоати деҳоти Панҷ ноҳияи Ҷайҳун “Соати сиёсӣ” гузаронида шуд.

        Дар ин соати сиёсӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба вобаста ба мавзӯҳои “Паёми Пешвои миллат-роҳнамо баҳри фардои дурахшон” “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон” бо толибилмони ин даргоҳи маърифат дарс гузашта, ҳамзамон дигар иштирокдорон низ вобаста ба масъалаҳои болозикр андешаҳои хешро иброз намуданд.