“ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР” ОСОРЕ АЗ ГУЗАШТАГОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР “ СОАТИ СИЁСӢ” МИЁНИ ХОНАНДАГОН МАТРАҲ ГАРДИД.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии сулҳу субот  нобиғаи олам аст, ки чун сиёсатмадори ҷаҳони шинохта шудааст ва бо асарҳои  гаронбаҳои хеш хосатан “Чеҳраҳои Мондагор” моро дар масири хештаншиносии худ нисбат ба гузаштагон хеш талқин месозад. Оре, ин асари гаронбаҳо ва саропо ганҷинаи маъниву каломи ҳастӣ шинохтест аз гузаштагони миллати соҳибтамадун ва соҳибхиради тоҷик.

Зеро ки Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ бунёдгузори сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии миллати тоҷик аст, ки бо мактаби ободкоронаву созанда ва бунёдкорнаи хеш мардуми  сайёраи заминро бо миллати мо ҳамсадову ҳамнаво сохтааст.

Маҳз аз худкунии китоби бузурги “Чеҳраҳои мондагор” моро аз таърихи миллати хеш огоҳ намуда, барои бозҳам хизматҳои шоён намудан ба ин мллату сарзамин роҳнамуд месозад.

“Соати сиёсӣ” –дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳиди Бобохон” бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Зоирзода М. баргузор гардид, ки дар масири ватандӯстиву меҳанпарастӣ роҳсипор кардани насли ояндасози миллат бо осори гаронбаҳои шахсони муътабар ва арҷгузори ба фарҳангу тамаддуни миллат вазифаи ҷониии ҳар яки мост!