Ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман" дар амал.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, шанбеи охири ҳар моҳ дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки собиқ хатмкардагони мактабҳо, Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус ба хотири дастгирии соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.
Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 26.04.2023, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҳамидзода Абдулҳафиз, муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Зебо ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Гаипназаров Меретқул дар  муассисаи таълимии-10 ноҳияи Дӯстӣ,  Амалиёти ҳизбии "Мактаби ман" баргузор карда шуд.
Дар ин чорабинии ҳизбӣ сокинони деҳаи Лаби дарё, Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов, хатмкардагони собиқи муассисаи таълимии мазкур, иштирок  доштанд.
Зимни баромади худ, Ҳамидзода Абдулҳафиз вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму дониши хонандагон,  тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Зебо вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" роҳ надодан ба сарфакорӣ ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳалли зисти худ ибрози андеша намуд. Намояндагони фаъоли деҳаи Лаби дарё низ баромад карда, қайд намуданд ки дар таъмиру азнавсозии мактаб саҳми худро мегузоранд.
Ин ташаббус аз тарафи сокинон ҷонибдорӣ гардида, онҳо азм намуданд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи падару модарон дар таъмири ҷории мактаб ва таъмини синфхонаҳо бо мизу курсӣ ёрии амалии худро мерасонанд.