СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТИБҚИ ТАШАББУСИ НАВИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН»

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар самти рушд ва беҳтарсозии инфрасохтори соҳаи маориф имрӯзҳо аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, тибқи аксияи “Якҷоя месозем”-и ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як қатор деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ босуръат идома дорад. Бо ин мақсад аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дар деҳаи Тимошенко Ҷамоати деҳоти Ҳалевард низ тасмим гирифтанд дар назди МТМУ №29-и ноҳия синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода диҳанд. Айни замон корҳои бунёдӣ ва сохтмонии синфхонаҳо оғоз гардида, бештари корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа ва сокинони маҳаллӣ тариқи ҳашари дастаҷамъона роҳандозӣ мегардад.