ТАШАББУСКОРИҲО  ДАР  ХОҶАГИИ  ДЕҲҚОНИИ “БУЗУРГМЕҲР” 

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мактаби ободкоронаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоест барои хӯрду бузурги миллати тоҷик.

Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар сар то сари кишвари азизамон бо фаро расидани фасли баҳор киштикорӣ баҳори идома дошта, заминдорон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода менамоянд.

Хоҷагии деҳқонии “Бузургмеҳр” дар ҷамоати деҳоти Тоҷикистони деҳаи Охбулоқи ноҳияи Балҷувон воқеъ буда, зери роҳбарии Буриев Ҷурахон фаъолияти хешро ба роҳ мондааст, ки баҳри самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин тадбирҳои нек андешида истодаанд.

Дар баробари хуб ба роҳ монондани киштукор инчунин Роҳбари хоҷагии деҳқонии “ Бузургмеҳр” пайваста ба оилаҳои ниёзманду камбизоат дасти кумак дароз намуда, ҳамчун як фарди меҳнатдӯсту ватандӯст саҳми хешро дар пешрафти ободиву бунёдкорӣ ва созандагии диёр гузошта истодааст.