САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҳизб ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оиз ба баргузории корҳои тарғиботи дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ аз рафти кор дар гармхонаҳои сокинони ноҳия дидан намуда юо рафти корбарии деҳқонон аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон бо деҳқонон зимни мулоқот маълум гардид, ки дар гармхона сабзавоти полезӣ, тухмиҳои бодиринг шинонида шудааст, ки айни ҳол дар ҳоли афзоиш аст. Сардори оилҳо қайд намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар як мавсим се маротиба ҳосил ҷамъоварӣ менамояд. Инчунин гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр доштанд, ки «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем». Имрӯз мо бо чунин амали худ истеҳcоли маҳсулотро дар ҳама фаслҳои сол ба роҳ мондаем, бозори ноҳияро бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин карда истодаем. Барои ҳосили хуб ба даст овардан аз тадбирҳои агротехникӣ хуб истифода мебарем, - иброз доштанд деҳқонон дао идома. Ин иқдоми саривақтӣ буда, аз самаранок ва оқилона истифода бурдани замин бозгӯ мекунад. Чунин амал боиси таъмини озуқавории бозорҳо бо маҳсулотҳои хушсифат дар ҳама фасли сол ба ҳисоб меравад. Бо зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои хурду миёнаи наздиҳавлигӣ дар фасли зимистон бозорҳои вилоят бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегарданд. Инчунин, барои беҳтар намудани зисту зиндагии марди деҳқон шароити мусоид фароҳам меояд.