СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими нозоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ва ҳамзамон бо достуру супоришҳои аъзои Кумитаи иҷроияи вилояти ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Назирӣ Зариф корҳои сохтмони дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 оғоз шуда буданд. Дар корисохтмони муассисаи мазкур дар баробари сармоягузорон саҳми хатмкунандагони сину соли гуногуни ин дарҳоҳ назарас мебошад. Айни замон корҳои рангу бор намудани дохил ва атрофи муассиса рафта истодааст ва ният доранд, ки то саршавии соли нави хониш муассисаро ба истифода диҳанд.