Ятимону эҳтиёҷмандон таҳти таваҷҷӯҳи хоса қарор доранд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раҳму шафқат ба ниёзмандон, сила кардани сари ятимону шод кардани дили ранҷурон ва дастгириву нигоҳубини маъюбону камбизоатҳо яке аз хислатҳои азалии мардуми тоҷик маҳсуб шуда, аз фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати мо сарчашма мегирад ва дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро бузургони мо аз ҷумлаи рисолатҳои ҷавонмардӣ шумурдаанд. Вобаста ба гуфтаҳои боло дар қисмати охири моҳи Шарифи Рамазон аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ Азизов С, ба 29 нафар кӯдакони нимятиму оилаҳои маъюби деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Гулистон кӯмаки пулӣ дода шуд. Иқдоми хайрхоҳонаи вакили ноҳиявӣ дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Восеъ дар якҷогӣ бо мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз ҷониби саховатмандон пайваста амалҳои хайру сахо ба иҷро расонида мешавад, ки аз ин амал сокинони хеле шод ва қаноатманд мегарданд.