«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД»

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Фархор бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия Фестивали ноҳиявии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Фархор доир карда шудДар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарипов Зафар – муовини Сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар минтакаи Кӯлоб, муовинони раиси ноҳияи Фархор ва дигар меҳмонони расми иштирок намуданд. Мақсади баргузории фестивал ба намоиш гузоштани маҳсулоти ҳунармандӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ниёгон, ба танзим даровардани фурӯши маҳсулотҳои қадима ва таърихӣ, маҳсулоти миллӣ, сарҷамъ намудани мутахассисон ва нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ, бозёфт ва харидории ашёҳои аҳамияти таърихидошта азёби мегардад.Шарипов Зафар – муовини Сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар минтакаи Кӯлоб иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин замина бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир аз тарафи роҳбари давлат дастгирӣ гардида истодааст.Дар фестивал - озмун маҳсулоти ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ, устоҳои шонасоз, кордсоз, оҳангар, сангтарош пешкаши харидорону тамошобинон гардонида шуд.Меҳмонон ва иштирокчиёни фестевал аз маҳсулоти пешниҳодшуда баҳравар гардида харидорӣ намуданд.