ЛЕВАКАНТ: Муҳимияти инсоф дар тиҷорат

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант мувофиқи мушоҳидаҳо иддае аз тоҷирон дар моҳи Рамазон ва арафаи идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт боло мебардоранд ва бо ин амали худ аз як ҷониб, боиси озурдахотирии мардум гашта, аз тарафи дигар, худ ва аҳли хонадонашонро аз савоби ин моҳи бузург маҳрум менамоянд.

Масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, хатиби масҷиди ҷомеи шаҳр ва дигар намояндагони уламо ба хотири муътадил нигоҳ доштани нархи маводи ғизоӣ ва савобияти моҳи шарифи Рамазон дар бозори марказии шаҳр ва мағозаҳои гирду атроф корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Аз тарафи ин гурӯҳи корӣ ба фурӯшанда ё худ тоҷирон гуфта шуд, ки дар ин моҳи муборак ва арафаи ид имону виҷдони худро насӯзанду аз савобияти бештари моҳи мубораки Рамазон баҳра баранд.

Бояд гуфт, ки аз нарху навои бозор шикоятҳо зиёд аст, зеро баланд будани нарх ба буҷети ҳар як оила таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин хотир, тоҷиронро мебояд росткору хайрхоҳ бошанд.

Баландшавии нарху навои бозор ба шахсоне, ки вазъи иқтисодиашон хуб аст, шояд чандон мушкил набошад, аммо барои мардуми миёнаҳол ва эҳтиёҷманд гарон хоҳад буд.