НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН ДАСТРАС КАРДА ШУД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳар моҳ ба панҷ нафар маъюбон нафақаи ҳизбӣ дастрас карда мешавад.

Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад. Ин навбат яке аз онҳо Сабринаи Сайфулло сокини Ҷамоати шаҳраки Ёвон  маъюби гуруҳи якум бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда шуд.

Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абудуллозода Саёҳат  иштирок намуда,  иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.