МАЪЮБОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони инсондӯсту хайрхоҳ пайваста ҳамкорӣ намуда, дар ин ҷода тавассути онҳо кӯмакҳои хайру сахоро ба оилаҳои ниёзманд амалӣ менамоянд.  Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона имрӯз соҳибкорони ноҳия пайваста  бо ниҳоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, бештар хайру эҳсонашонро тавассути  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳандози менамоянд. Имрӯз ҳизбиёни ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон то ба имрӯз ба 70 оилаҳои ниёзманд маводҳои ниёзи аввал аз қабили орду равған, биринҷ, макарон, шакар ва чойҳои гуногун ёрмандӣ намуданд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд. Ин навбат ҳизбиёни ноҳия ба аёдати сокини деҳаи Чучуи болои Ҷамоати деҳоти Даҳана Саидов Фирӯз, ки дар натиҷаи як бемори ҳарду пояшро ҷароҳи кардаанд рафтанд. Инчунин, дар рафти аёдат табибони беморхонаи марказии ноҳияро низ ҳамроҳ бурда, вазъи саломатии Саидов Фирӯзро муоина намуданд.