ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КАНГУРТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар толори Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид. Вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуктаҳои асосии онро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ дода шуд. Масъулин дар баромади худ дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳозиринро вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъкидҳо намуданд.