ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳар моҳ ба панҷ нафар маъюбон   нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дастрас карда мешавад. Маблағи нафақа ба ҳар кадоми онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад. Ин навбат яке аз онҳо Бекназаров Насрулло маъюби гуруҳи якум бо нафақаи ҳизбӣ таъмин карда шуд.

Зимни расонидани нафақаи ҳизбӣ раиси шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилости Хатлон Ализода Аҳмадҷон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд иштирок намуда,  иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кумакҳои молиявӣ расонида мешавад.