КӮМАКИ НАВБАТИИ СОҲИБКОР БА 20 НАФАР НИЁЗМАНДОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона имрӯз соҳибкорони ноҳия пайваста  бо ниҳоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, бештар хайру эҳсонашонро тавассути  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳандози менамоянд. Аз ҷониби соҳибкори ватандӯсту хайрхоҳ, директори ҶДММ "Муқим -1" Муқимов Ҳикматулло ба 20 оилаҳои  ниёзманд маводҳои ниёзи аввал аз қабили орду равған, биринҷ, макарон, шакар ва чойҳои гуногун ёрмандӣ намуданд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.