ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар хониши сиёсӣ муовини раис, мудирони шуъбаҳо ва кормандони масъули ҳизбӣ иштирок намуданд.

 Дар хониши сиёсӣ Каримзода Пирмуҳаммад Авғон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуда қайд намуд, ки имрӯз ватани азизи мо бо сулҳу субот пешрафт дорад. Мо намегузорем, ки бегонагон оромии кишвари моро халалдор созанд. Халқи мо бо фарҳанги волои хеш машҳури дунё гаштааст. Аз ин рӯ, ҳифзи фарҳанги ниёгон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар қарзи ҳар як фарди тоҷику Тоҷикистониён мебошад.