БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №2

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Дар доираи нақша ҷорабиниҳои амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи давлатии №2-и ноҳия хониши сиёсӣ бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор карда шуд. Дар соати сиёсӣ омӯгорон дар мувзӯи “Танзим баракати зиндагӣ” баромад намуда иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардад ва чунин ҳам шуд ва боз бо тақозои замон ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад.То он замоне, ки мафкураи ба ном чунин масъулон дигар нашавад, онҳо худро ба шароити дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ қадре ҳам бошад, мутобиқ насозанд, мо наметавонем, на ин ки як қадам ба пеш, ҳатто як ваҷаб ҳам, ҳатто заррае ҳам ба пеш равем. Ва ана ҳамин бемасъулиятии бархе масъулон ҷомеаро бо умқи ноумедӣ ва нокомӣ мекашад. Дасту дили зертобеъон, муроҷиаткунандагон аз чунин рафтору гуфтор, муомилаҳо сард мегардад. Дар натиҷа майдони бемайлони таассубкорӣ, ифротгароӣ, рў овардан ба фарҳанги бегона, даст задан ба ҷинояткорию фасод сар мезанад. Чунки фарҳанги маънавӣ фарогири шуур, донишу маърифат, ахлоқ, тарбия, ҳуқуқ, фалсафа, эстетика, этика, илм, санъат, адабиёт, асотир ва дин мебошад. Он дастовардҳое, ки инсоният дар тўли фаъолияти дуру дарози таърихи худ ба вуҷуд овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд, ки аз рўи маънию моҳият ҳаммаъно мебошанд. Маданият маънои шаҳрдорӣ, яъне сокини шаҳр ва шаҳрванд буданро ифода менамояд.