ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ!

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо  мақсади ҷонок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоту муассисаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ” вохӯрии судманд баргузор карда шуд. Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки моро мебояд ба фаъолияти ташкилоти идтидоӣ тақвият бахшида нафарони содиқ миллатро ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо кунем то дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.  Инчунин дар рафти суҳбат оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таъкидҳо карда шуд.