ТАҶЛИЛИ БОШУКЎҲИ НАВРЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КАНГУРТИ НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22-уми марти соли 2023  дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик чорабинии рангини Наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳияи Темурмалик Файззода Меҳринисо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раиси шаҳри Норак Ҳакимзода Зуҳро, раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт Салимзода Алихон суханронӣ намуданд ва соҳибкорони ватанӣ, ки дар ободонии Ҷамоат саҳми муносиб доштанд, иштирок намуданд.

          Гуфта шуд, ки Наврӯзи байналмилалиро дар Тоҷикистон, ки Ватани аслии Наврӯз ва меросбарони Наврӯз мебошад, бо шукӯҳ ва риояи суннатҳои неки он таҷлил менамоянд.

          Дар чорабинии мазкур ба чанде аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо сипосномаҳои раиси Ҷамоати деҳоти Кангурт ва 7 нафар занон – кормандони Корхонаи давлатии фаръии хизмати манзилӣ-комуналии Кангурт ва 2 нафар собиқадори меҳнат бо туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик мукофотонида шуданд.

          Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони маҳаллӣ ва чанде аз ҳунармандони мардумӣ ба базми наврӯзӣ ҳусни идона зам намуданд.