НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ТАЪМИН ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ намудан аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва маъюбону барҷомондагон,  дар арафаи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилаллӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба Сафаров Тошмаҳмад, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Панҷ, маъюби гурӯҳи 1-ум нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонида шуд.   

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун иброз дошт, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша дасгирӣ карда мешаванд.