Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатӣ”

Вахш: Созандагони ватан  

 Тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатӣ”  дар роҳравҳои маркази ноҳияи Вахш гузаронида шуд. Масъулин ба сокинони ноҳия буклетҳо бо навиштаҷоти “Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатӣ” -ро тақсим намуданд. Инсон дар рӯи замин сарчашмаи хамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони асил арзи ҳастӣ мекунанд.

Одамон, бахусус занон асоси тоза нигоҳ доштани маводи рӯзгор, аз қабили хонаву ашёи он, либосу палос, ҷамъи ашёи рузгордорӣ, тозагии тифлакону муҳитро иҳота кардаанд. Нафас гирифтани ҳавои хубу дилкаш мояи тансиҳатии ҳамаи одамон мебошад. Аз ҳар гарду ғубор, нопокию ифлосӣ ва аз ҳар нафас ҳавое, ки мегирем, бояд покию тозагӣ хост. Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад. Агар ҳавои хонадон тозаву озода, ҳар як маводи истеъмолӣ поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансиҳат бошад. Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст.