АКСИЯИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “НАВРӮЗИ БОСТОНӢ МУБОРАК”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 17 марти соли 2023 бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи идона таҳти унвони “Наврӯзи бостонӣ муборак!” баргузор гардид.

Аксияро мудири шуъбаи кор бо занон ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳусни оғоз бахшида, доир ба байналмилалӣ гардидани Наврӯз, таҷлили бошукӯҳи он дар тамоми минтақаҳои кишвар, бузургиву шаҳомати Наврӯз ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оммавӣ гардонидани Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он суханронӣ карда, тамоми мардуми диёрро ба фарорасии Наврӯзи аҷам ва баҳори оламафрӯз шодбош намуданд.

Дар фарҷом, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба кӯчаҳои марказии ноҳия баромада, табрикномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба сокинони ноҳия тақдим намуданд.