ВУСЪАТИ ИҚДОМҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ҲХДТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаҳои таърихӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ дар ноҳияи Кӯшониён, корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам зебову назаррабо намуда истодааст.

Боиси қайд аст, ки назди ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, хиёбону кӯчаҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳия бо шиору овезаҳо, байрақу Парчамҳои давлатӣ зебу зинат дода шуда, муҳити атроф тозаву озода шуда истодааст. Сокинони ноҳияи Кӯшониён бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ машғуланд.

Дар ин раванд баҳри тарғибу ташвиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, бахшида ба таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён шиору овезаҳои назди бинои Кумитаро аз нав насб намуданд. Ногуфта намонад, ки насби шиору овезаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ маҳсуб меёбад.