ДАСТРАСИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кумаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси ноҳия Шарифзода Лутфия Шариф ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин ба дидорбинии маъюби гурӯҳи 1-уми оилаи Шарифзодаҳо, сокини деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод рафта, ба онҳо нафақаи ҳизбиро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.

Раиси ноҳияи Муъминобод, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф зимни суҳбат бо волидайни маъюб қайд намуданд, ки Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакат ҳамеша дастгирии маъюбон ва оилаҳои ниёзманд аст. Кӯшиш менамоянд, ки пайваста аз ҳолу аҳволи ин қишри ҷомеа хабардор бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ низ ҳамеша дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро сармашқи кори хеш қарор дода, пайваста аз ҳолу аҳволи шахсони ниёзманд ва маъюбони ноҳия хабардор шуда, кӯшиш менамоянд, ки ба ин гуна шахсон кумаки ҳамешагӣ расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки минбаъд ин иқдом аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар охири ҳар моҳ роҳандозӣ шуда ба ду нафар аз чунин шахсони ниёзманд кумакҳои пулӣ расонида хоҳад шуд.