ТАҚДИМИ АРОБАЧАИ МАЪЮБӢ БА МАЪЮБИ ГУРӮҲИ ЯКУМ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон яке аз ҳадафҳои принсипи кории худро дар ростои рейтинги ҳизбӣ бо мақсади аёдат ва дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ равона намудааст. Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дастгириву ҳамкории шахсони саховатпеша як нафар маъюби гурӯҳи якум, сокини деҳаи Навкорами  Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова Ашурова Нилуфар аёдат гардида, ба ӯ аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд. Ашурова Нилуфар таи чанд сол мешавад, ки дар бистари беморӣ хоб буда, ба чунин дастгирӣ, яъне аробачаи маъюбӣ ниёз дошт. Аҳли оилаи онҳо иқдоми навбатии ҳизбиёни ноҳияро давоми сиёсати инсондӯстона ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуда, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.