КӮМАКИ НАВБАТИИ ҲИЗБИЁН БА МТМУ №33

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси навбатии ҳизбӣ ин "Мактаби ман" аст, ки шуруъ аз моҳи апрели соли 2021 бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал амалӣ гашта истодааст. Дар доираи ин ташаббус аз ҷониби и.в раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифи Бахтиёр Маҳмудзода барои синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №33 як чанд адад лампаҳои барқӣ кӯмак расонида шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб ба муассисаи мазкур як миқдор халтаҳои гаҷи барои синфхонаҳои иловагӣ дастрас карда шуд. Дар доираи ҳамин иқдом хатмкунандагони массисаи мазкур дар нақша доранд, ки то оғози нави соли хониш синфхонаҳои иловагиро пурра ба истифода диҳанд ва хонандагон аз он дар соли хонаиши 2023-2024 истифода намоянд.