Бунёди синфхонаҳои иловагӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ , дар муассисаи таълимии №5-и деҳаи Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул чор синфхонаи иловагӣ барои хонандагон бунёд гардида истодааст.

Синфхонаҳои иловагӣ бо таври замонавӣ сохта шуда, барои таҳсили хонандагон шароити хуби хониш фароҳам оварда мешавад.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ваҳдат" ва сокинони деҳа, барои ҳарчи зудтар ба истифода додани синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил намуда, дар сохтмону рангубори бинои таълимӣ саҳми худро гузошта истодаанд.
Метавон зикр кард, ки ҳамарӯза аҳолии деҳа бо роҳбарии директори муассиса ва аъзоёни ҷонибдорони ҲХДТ, ба ҳашар баромада ба корҳои ободонии атрофи муассиса машғул буда ва тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.