АЁДАТИ МОДАРОНИ СОБИҚАДОР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва беназири сиёсии худ аз ҷониби узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, и.в. Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра занони собиқадор аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва якчанд занони аз 100-сола болоро аёдат ва муборакбодӣ намуд. Дар воқеъ ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар кишвари азизи мо гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан- модар дар ҷомеа мебошад. Ин рӯзи фархундаро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм пешвоз мегирем, зеро Модар- тарбиятгари насли башар, офарандаи нуру зебоӣ ва покизагӣ ба ҳисоб меравад.

Воқеан, модар ягона мавҷуди муш-фиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд. Яъне модар барои ташаккули маънавии фарзанд шабонарӯз заҳмат мекашад, тамоми умри худро бо ғаму шодии ӯ сипарӣ менамояд ва то вақте, ки дар қайди ҳаёт аст, фарзанд барояш мисли ҳамон тифлаки азизу ширини дирӯза аст, ӯро навозишу эҳтиёт мекунад ва ҳаргиз намехоҳад, ки доғи фарзандашро бинад.