АЁДАТИ ЗАНОНИ РӮЗГОРДИДА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 марти соли равон узви Кумитаи Иҷроияи марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона бахшида ба ҷашни “Рӯзи Модар” як қатор модарони рӯзгордида, ки дар баробари тарбияи фарзандон, инчунин солиёни зиёд баҳри пешравии ин сарзамин меҳнати пурсамар кардаанд ва яке аз занони собиқадори меҳнат ба шумор мераванд Ғуломова Сафармоҳ соли таввалудаш 1915, Насконова Нозукмоҳ соли таввалудаш 1933, Абдураҳимова Гузал соли таввалудаш 1955, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Кӯшониён адои хизмат намудаанд аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳо, шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ тақдим намуданд.

Зимни суҳбат Раиси ноҳия Вализода Сироҷиддин Икромиддин иброз доштанд, ки "Шумо модарони азиз барои сарзамини аҷдодии мо хизматҳои арзанда кардаед. Ва он ҳама меҳнатҳову заҳматҳои шуморо мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем ва ҳамеша қадр мекунем. Модарони гиромӣ Шумо пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред ва хоҳед дошт”. Инчунин онҳоро бо ҷашни Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, рӯзгори нек, умри бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.