НАХУСТ МУРАББӢ ВА МУАЛЛИМИ БАШАРИЯТ МОДАР АСТ!

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба Рӯзи модар ва фарорасии баҳори хуҷастапай бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Аксияи ҳизбӣ, баҳри рӯҳбаланд намудани занону модарон ҳамасола бахшида ба Рӯзи модар аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ чунин иқдомҳои нек пеш гирифта мешавад.

Роҳбарияти олии кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо мақсади баланд бардошатни мақому манзалати зан дар ҷомеа ва таъин гардидани онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ҳар як баромадҳояшон таъкид мекунанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз мушкилоти беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали Истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.

Оре, миллати тоҷик дар моварои тамаддунсозӣ аз қадим мавқеъ ва манзалати зан-модарро шинохта ба он арҷ мегузошт ва дар табиату олами вуҷуд ҳарҷиро зебову боназокату латиф дармеёфт, монандиҳову ҷавҳари аслии он зебоиҳоро аз вуҷуди зан – модар меҷуст.