ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 феврали соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47-и деҳаи С Муродови ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия Кӯшониён дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона дошта дар мавзуъҳои

1.Воқеаҳои як моҳи сиёсии кишвар дар моҳи январ (аз соати сиёсии моҳи декабр то моҳи январ)

2. Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорати мардонагӣ

3. Огоҳонидан ва пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои хатарзои ҷомеа.

4.Таҷлили иди Модарон 8-март баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад.

Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №47 дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, сарвари муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.