ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси аъзоёну ҷонибдорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо дастгири хатмкунадагони солҳои пешини муассисаи таълимии №43-и деҳаи М. Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Заргар ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” иқдом гирифтаанд, ки корҳои таъмиру барқарорсозии саҳни муассисаи мазкурро тариқи ҳашари дастаҷамъона дар масофаи 150- метри квадратӣ сангфарш намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки саҳни муассисаи таълимии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи М. Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Заргар дар фасли сармо ба гаштугузори таълимгирандагон мушкилиҳои зиёдеро ба бор меовард. Заҳмату дастгирии бевоситаи сокинони деҳа дар анҷом додани ин амали хайрхоҳона ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон  назарас аст.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем.Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаи мазкур боиси хушҳолии хурду калон гардида, намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боис гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард, пиёдагардон азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардида, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд ёфта, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат ба маротиб осон гардидааст.