АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ДИЁРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕГАРДОНЕМ!"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун як қатор тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд.

Аз ҷумла, дирӯз бо иштироки раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор, муовинони раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, мудири бахши ҷавонон, бахши ҳифзи муҳити зист ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қумсангир маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки  бо риояи қоидаҳои дурусти ниҳолшинонӣ беш аз 1000 бех ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.

Метавон зикр намуд, ки ниҳолшинонӣ яке аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хоса мебахшад.

Аз ин рӯ, имрӯзҳо дар кишвари мо маъракаи ниҳолшинонӣ ба яке аз маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, сокинон дар он фаъолона иштирок мекунанд.