Аксияи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо фаро расидани фасли баҳор мавсими ниҳолшинонию гулшинонӣ ҳам оғоз мегардад.

Имрӯз бо ташаббуси раиси ноҳия, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ, аксияи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд, ки дар он тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони соҳаи тандурустию маориф фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ фаъолона иштирок намуда дар шафати роҳи марказии ноҳия ва назди бинои Кумита дарахтони сузанбарг ва гулҳои садбарг шинониданд.