ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоёни ташкилоти ибтидои ҳизбии "Чубек"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 аз дидбонгоҳи сарҳадии № 10 дидан намуда, ба шароити буду боши афсарону аскарон аз наздик шинос шуданд.

Аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Чубек" сарҳадбононро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо дастархони идона ташкил намуданд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарби ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.