АЗНАВСОЗИИ РОҲИ ОРОМГОҲ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи таблиғотию ташфиқотии ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" тайи чанд сол аст, ки миёни мардуми созандаву бунёдкори ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде касб намудааст. Ҳизбиёни ноҳия назар ба солҳои қабли  татбиқи Аксияи мазкурро дар соли равон  ҷиддӣ ба роҳ монда, ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.

Чунин як иқдоми созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар ташкилоти ибтидоии  Кишоварз ва Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Норин роҳандозӣ карда шуд, ки дар доираи он роҳи даромадгоҳи Оромгоҳи  маҳаллаҳои Наврӯз ва Бош-Қайнар  ба андозаи 850 метр пурра азнавсозӣ карда шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони ватандӯсти маҳаллаҳои  Наврӯз ва Бош- Қайнар иштирок намуда, амали созандагии онҳоро туҳфаи ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.