ШАНБЕГИИ САРҶАМЪОНА ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18.02.2023 шанбегӣ, ҳашари сарҷамъона дар якҷоягӣ бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ (Ҷамоати деҳоти Х.Холматов, Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров, Ҷамоати деҳоти Обшорон ва дигар ТИ ), аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои тоза кардани гулгашти гирду атрофи қароргоҳ (Резидентсия) воқеъ дар деҳаи Обшорон ва маркази ноҳия таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Инчунин, дар шанбегӣ ҳашари сарҷамъона аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ барои саҳмгузорӣ дар ободонию кабудизоркунии гирду атрофи қароргоҳ таҳти унвони «Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард!» ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.