ТАШАББУСИ ҲИЗБ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббусҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг  тасмим гирифтааст, ки бо иштироки  мутахассиси шуъбаи такилӣ Сорбон Сироҷов, мудири шуъбаи занон ва ҷавонон Шарифҷон Набиев  ва мудири шуъбаи омор Рухшонаи Сайдасрор дар мавзӯи  “Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи ассосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ” дар муасиссаҳои таълимии ноҳия тавасути Призинтатсия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Зимни суханрони гуфта шуд, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар марзи Тоҷикистон 8492 адад пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.